<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Cm</key>
<lyrics>[V1]
.         Cm          Fm
 Дар ин дунёи ғамноку фонӣ
.         G    G7     Cm
 Фарёд кунам ба сӯи само.
.                       Fm
 Рӯҳам афсурда дар зери гуноҳ,
.       G                  Cm
 Худовандо, бар ман раҳм намо!

[C1]
.                        Fm
   Ин қалби нолон хоҳони шодист,
.         G           Cm
   Танҳои танҳову бенаво.
.                           Fm
   Қалбам шикаста, пурдарду хаста,
.         G                  Cm
   Худовандо, бар ман раҳм намо!

[V2]
 Ин рӯҳи саркаш овора гашта
 Хоҳони лаззат, дур аз Худо.
 Дар биёбони ин умри ночиз,
 Худовандо, бар ман раҳм намо!

[V3]
 Дунёи маккор маро фиреб дод,
 Ҳастиям рафт бар боди фано.
 Ронда зи ҳар ҷо, хаста зи дунё,
 Худовандо, бар ман раҳм намо!

[V4]
 Тавба намоям аз гуноҳонам,
 Бо ашкҳои талх кунам дуо.
 Ҳарчанд нолоиқ сӯят меоям,
 Худовандо, бар ман раҳм намо!</lyrics>
<title>Дар ин дунёи ғамноку фонӣ Хд69</title>
<hymn_number>69</hymn_number>
</song>